Чанде қабл дар чаҳорчӯби сафари худ ба Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти беруна хонум Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба амният табодули назар карданд.

Худи ҳамон рӯз дар бинои Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори нишаст ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Дания Вилли Совндал сарварӣ кард. Боиси зикр аст, ки ҳоло Дания дар Иттиҳоди Аврупо раисӣ дорад.

 Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон доир гардид.

Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, масоили сиёсӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар бар гирифт.

 Зимни Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо рафти рушди ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, пешравии бадастомада, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкорӣ, амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

 Ҳайати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупоро ба зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид дар бобати ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷалб кард.

 Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дания сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ вазирони корҳои хориҷӣ аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.

Шоми 27 феврал Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳисоботи презентатсионӣ дар Донишкадаи аврупоии муносибатҳои байналхалқӣ – Академияи дипломатии аврупоӣ баромад намуд. Зимни суханронии худ дар назди ҳозирин – шунавандагон, аспирантон, ҳайати устодон, корпуси дипломатӣ, намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ва СААШ (Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ), Ҳамрохон Зарифӣ ҷамъомадагонро бо таърих, сохтори давлатӣ, дигаргуниҳои демократӣ, захираҳои табиӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно сохт.

Дар охири презентатсия Вазири корҳои хориҷӣ бо иштирокчиёни чорабинии мазкур сӯҳбат орост.