Чанде қабл дар шаҳри Кобул вохӯрии Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор гашт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

 Сипас масъалаҳои омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки дар таърихи 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Вобаста ба ин, Н. Зоҳидов иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии коршиносони афғонистонӣ корҳои омодагиро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронс идома дода, умедвори он аст, ки натиҷаҳои он барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҷдиди иқтисоди Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Дар ин замина ӯ роҳандозӣ намудани як қатор лоиҳаҳои минтақавии инфрасохториро муҳим арзёбӣ намуд.

 Ҷовид Лудин аз мавқеи созандаи Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба Афғонистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои хислати минтақавидошта истиқбол карда, таъкид сохт, ки дар ин замина ҳамкории байни Афғонистону Тоҷикистон тақвияти бештар хоҳад дошт.