Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ҷиҳати ширкат дар ҳайати нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Русия, ки рӯзи 4-уми март баргузор мешаванд, ба шаҳри Маскав сафар кард.

Ғайр аз ин, нозирони Тоҷикистонро дар маъракаи интихоботи президенти Русия раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён ва сармутахассиси КМИР Ёқубҷон Мадумаров намояндагӣ хоҳанд кард.

Гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Русияро намояндаи ваколатдори Қазоқистон дар комиссия оид ба масоили иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии иттиҳод Наврӯз Айдаров роҳбарӣ хоҳад кард. Номзадии ӯро ба ин мақом рӯзи 31-уми январ дар шаҳри Минск аъзои Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ ва маъқул шумориданд.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихобот ба мақоми олии давлати Русия чор номзади ҳизбӣ – пешвои ҳизби «Единая Россия» (Русияи воҳид) ва нахуствазири Русия Владимир Путин, раиси Ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский, раиси Ҳизби «Справедливая Россия» (Русияи боадолат) Сергей Миронов ва ҳамчунин тоҷир Михаил Прохоров, ки мустақилона номзадии худро пешниҳод кард, довталабӣ мекунанд.