Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Николя Саркозӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

 Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрику муборакбодии самимонаи хешро бифиристам. Ба маврид аст зикр намоям, ки ҷониби Тоҷикистон тайи давраи рушди давлати худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намуда, баҳри таҳкими онҳо талошҳои пайваста меварзад.

 Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд. Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.

Биноан, умедворам, ки ин санаи муборак дар таърихи муосири робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи минбаъдаи онҳо ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.

Дар навбати худ дар барқияи табрикотиия Президенти Франсия Николя Саркозӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,

Барои ман шарафи бузург ва боиси фараҳмандист, ки табрикоти самимии хешро дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ирсол медорам.

 Барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба равобити дуҷониба миёни давлатҳои мо асос гузошт. Франсия аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ин ба тақвияти муносибатҳо миёни кишварҳои мо, бахусус таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, чӣ дар соҳаи сиёсӣ ва чӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мусоидат намуд.

Франсия ва Тоҷикистон ду даҳсола инҷониб паҳлў ба паҳлу ҳамкорӣ доранд.

 Дар тўли ин муддат онҳо тавонистанд ҳамдигарро беҳтар шиносанд, ҳамкориҳоро ба манфиати мардуми ҳарду кишвар, ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорч?би ташкилотҳои байналмилалӣ тақвият ва густариш диҳанд.

 Франсия муҳимияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба Шумо барои мусоидат ҷиҳати будубоши Қувваҳои ҳарбию ҳавоии он дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки аз ин ҷо фаъолияти худро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон амалӣ менамояд, ҳамчунин барои дастгириатон дар сулҳу суботи ин кишвар изҳори сипос менамояд.

Ба мардуми дўсти Тоҷикистон хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намуда, аз Шумо, Ҷаноби Президент, хоҳиш менамоям, ки эҳтироми бепоёну д?стонаи маро нисбат ба худ қабул намоед. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.