Нахуствазири Русия Владимир Путин, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президентӣ пирӯзӣ ба даст овард, баҳри ҳалли мушкилоти ҳузури пойгоҳи низомии кишвараш боз ба муҳлати 49 сол ва ба иҷора гирифтани фурудгоҳи Айнӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад сохт, - мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат.

Ба андешаи ӯ, барои Кремл ҳамчунин масъалаи бозгашти марзбонони рус ба сарҳадҳои Тоҷикистон низ муҳим аст, зеро Дмитрий Медеведев аз ӯҳдаи ҳалли ин масъалаи барои Русия муҳим баромада натавонист.

«Маскав дар Аврупо дар ҳама соҳаҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Аслиҳаи ҳастаии Кремл барои Ғарб ҳаросовар нест, зеро тамоми боигариву сарвати намояндагони мақомоти олии ин кишвар ва олигархони он дар Аврупо ё дар Амрикоанд. Фарзандони онҳо дар он ҷо зиндагиву таҳсили илм мекунанд. Аз ин метавон ба хулоса расид, ки онҳо сармоя ва фарзандону хешовандони худро нобуд намесозанд», - иброз дошт сиёсатшинос.

Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки баҳри ҳалли мушкилот бо Тоҷикистон Путин аз омилҳои фишори дар ихтиёрдоштааш  кор хоҳад гирифт. «Яке аз ин омилҳои фишор санҷида шуда, пурсамар будани худро нишон дод. Ин ҳам муҳоҷирони кории тоҷик мебошанд, ки дар Русия кору зиндагӣ доранд. Дар қазияи халабонҳо Русия аз он моҳирона истифода кард», - гуфт вай.

Коршинос таъкид кард, ки агар дар Русия беш аз 1,5 млн. нафар шаҳрвандони мо кору зиндагӣ намекарданд, Тоҷикистон боз метавонист ягон чорае биандешад, вале чун онҳо ҳар як панҷум сокини Тоҷикистон буда, кишварро мехӯронанд, Тоҷикистон ба ин қодир нест.  «Нисбат ба мансабдорони тоҷик дар Маскав аз ин масъала хубтар воқифанд ва аз ин рӯ, шарту шароитҳое пешниҳод мекунанд, ки Тоҷикистон дер ё зуд ба манфиати Кремл ҳал мекунад», - мегӯяд вай.

Ба қавли ӯ, Владимир Путин ҳамчунин дар 2 муҳлати пешинаи президентиаш низ дар Тоҷикистон маълуму маъруф буд.

«Соли 2004 маҳз ӯ ваъда кард, ки ба иқтисоди Тоҷикистон 2 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад ва ширкати РусАл сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба нҷом мерасонад. Маълум шуд, ки ин танҳо як ваъдае беш набудааст, - изҳор кард Нуралӣ Давлат. -  Ваъда буду набуд, вале дар натиҷа Русия дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ таъсис дода, истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» дар Норакро ба муддати 49 сол ба иҷора гирифт. Дар муҳлати 2-юми президентӣ Русия Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард: дар маъракаи интихоти президенти Тоҷикистон дар соли 2006 сафири онвақтаи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов изҳор карда, буд, ки Маскав аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунад».