Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модарон – 8-уми март вохӯрии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ва вакилони палати поёнии парлумони кишвар аз фраксияи ин ҳизб Махфират Хидирова ва Марҳабо Ҷабборова бо донишҷӯдухтарони макотиби олии пойтахт баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, чорабинӣ таҳти унвони «Вохӯрии ду насл» доир гардид.

«Зимни суханронӣ дар назди ҳозирин Сафаров аз донишҷӯдухтарон даъват ба амал овард, ки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона иштирок кунанд», - гуфт вай.

Пас аз анҷоми қисми тантанавӣ дар назди ҳозирин шоираҳои маъруф ва чеҳраҳои шинохтаи санъати эстрада ҳунарнамойӣ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 8 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.