Рӯзҳои 7-8 марти соли 2012 дар Берлин ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Султон Раҳимов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар кори Конфронси «Дипломатияи об дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Вазорати Федералии корҳои хориҷии Олмон баргузор гардид, иштирок намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни иштирок дар ҳамоиши номбурда намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои соҳаи оби кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаҳои марҳалаи якуми ташаббус дар соҳаи оби Осиёи Марказиро, ки аз соли 2008 ба роҳ монда шудааст, баррасӣ намуданд (Раванди Берлин).

 Иштирокчиёни Конфронс дар масъалаи пешрафтҳои қисмати аввали «Раванди Берлин» изҳори назар намуда, пешниҳодҳои худро дар баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи ба роҳ мондани барномаҳои марҳалаи дуюми ташаббуси обӣ пешкаш карданд.

 Инчунин дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси нозир иштирок намуд.

 Дар интиҳои Конфронс Эъломияи муштарак оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи байни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳои дар болозикршуда қабул гардид.