Чанде қабл раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халмер Халворсен дидору гуфтугӯ кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Шоҳигарии Норвегия баррасӣ гардид. Олим Салимзода нахуст ба дипломати норвегӣ дар бораи фаъолият ва таърихи таъсиси парлумони касбии мамлакат маълумот дода, ташкили парлумони дупалатагиро аз дастовардҳои муҳими сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии мамлакати мо тайи солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст.

Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистону Шоҳигарии Норвегия низ барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд.

Олим Салимзода ҳамчунин афзуд, ки мардум ба Маҷлиси намояндагон ҳамчун ба мақоми қонунгузор ва намояндагӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда натанҳо аз мақомоти давлатӣ, балки аз интихобкунандагон низ дархосту пешниҳодҳо ирсол мегарданд, ки бештари онҳо бо мақсади таҳриру такмили қонунҳо қабул карда мешаванд. Дар ду соли фаъолият савияву малакаи қонунофарии вакилон бештар сайқал ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам афзун гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбати худ таъкид кард, ки сафарҳои ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии ЕвроОсиё ва дигар кишвару созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни ин кишвару созмонҳо мусоидат намуданд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Халмер Халворсен низ тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.

Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн изҳори назар карда шуд.