Дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти раёсати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҷаласаи фаъолони ҳизб баргузор шуд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, ҷаласа дар толори маҷлисгоҳи корхонаи истеҳсоли трансформатор бо иштироки беш аз 400 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид. Дар ҷаласа масоили доихилиҳизбӣ, вазъи имрӯзаи кишвар ва дигар мушкилоти рӯзмарра баррасӣ шуданд.

Зимни суханронӣ дар назди ҳозирин М.Кабирӣ аз ҷумла изҳор кард: «Дар доираҳои муайяни ҳукуматдорон нафароне ҳастанд, ки барои поён бурдани маъруфият ва маҳбубияти Ҳизби наҳзат талошҳо доранд».

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки «хуб мешуд, ки дар ҷои фишорҳо ишон бо хидмати шоиста ба миллат ба ин мақсади худ мерасиданд, зеро чун миллат саҳми ононро мебинад, худ аз худ ба ҷониби онон майл ва қадрашон мекунад».