Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов ба вилояти Гроднои ин кишвар сафари дурӯза анҷом дод.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Минск, дар ҷараёни сафар дипломати тоҷик бо раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гродно Семен Шапиро вохӯрда, дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар иқтисоду тиҷорат ва саноату бахши кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Дипломати тоҷик ба раиси вилояти Гродно дар бораи вазъи кунунии иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ маълумот дод.

Зимни мулоқот бо мақомоти раҳбарии Донишгоҳи аграрии Гродно масоили ҳамкории мактаби олии мазкур бо муассисаҳои таълимии Тоҷикистон матраҳ шуданд.