Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳои шаҳру навоҳии худ маҷлисҳои ҳисоботиву интихоботӣ доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, маҷлисҳо моҳҳои май-июн доир гардида, бори нахуст дар таҷрибаи ҳизб дар ин маҷлисҳо аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва муовинони раиси ҳизб иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи У.Солеҳ, дар маҷлисҳо ба масоили кори фаъолони ҳизб бо аҳолӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯхияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Рӯзҳои наздик муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров дар маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии бахшҳои ҳизб дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт иштирок мекунад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.