Дар Тоҷикистон ҳаракати Фронти халқиро акнун таҳти унвони «Фронти халқии бидуни силоҳ» эҳё карданианд.

Яке аз ташаббускорони ин иқдом мегӯяд, ба зеҳни мардуми Тоҷикистон Фронти халқӣ на он қадр хотироти хуб боқӣ гузоштааст, аз ин рӯ, барои ба даст овардани эътимоди мардум тасмим гирита шуд, ки ибораи «бидуни силоҳ» низ ба номи ҳаракат илова карда шавад.

Собиқ фармондеҳи қисми тиббии Фронти халқии Тоҷикистон Қувваталӣ Муродов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Фронти халқӣ бо мақсади «муттаҳид сохтани собиқ размадагони ҳарду тарафи даргири ҷанги шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва иштирок дар равандҳои сиёсии кишвар» эҳё мегардад

Дар ҳамин ҳол, Қувваталӣ Муродов ба мушкилот дучор шудан дар Вазорати адлия зимни бақайдгирӣ ва фишор овардан ба ташаббускоронро аз эҳтимол дур намедонад.

Ташаббускори эҳёи Фронти халқӣ бар ин назар аст, ки «замона дигар шудааст ва барои гаштугузор бо силоҳ дигар зарурате нест, вале зиндагии мардум беҳтар намешавад, фасоду маҳалгароӣ дар ҳоли густариш буда, бо ин падидаҳо мебояд бо воситаҳои мусолиматомез мубориза бурд ва ин яке аз ҳадафҳои эҳёи Фронти халқӣ мебошад».

Ба қавли Муродов, ташаббускорони иқдом тамоми хоҳишмандонро ба сафҳои худ ҷалб карданианд.

Дар ҳамин ҳол ӯ афзуд, ки «мо ният дорем, ки тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро дастгирӣ намоем, вале бо мурури замон ба як хулоса расида, дар интихоботи президентии оянда номзади ягонаи шоистаро пешниҳод кунем ва он президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ буда метавонад».

Қ. Муродов зикр кард, ки Фронти халқӣ сохти конститутсонӣ дар Тоҷикистонро барқарор кард, вале имрӯз аъзои онро касе қадрдонӣ намекунад.

«Дар ин ҷода ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд. Имрӯз ҳукуматдорон барои худ бӯстонсароҳо бунёд мекунанду мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ мехаранд, вале шахсоне, ки онҳоро сари давлат оварданд, ё зиндонианд, ё дар муҳоҷиратанд ва ё маъюбони ба касе нодаркор шудаанд», - афзуд Муродов.