Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки ҳайати Тоҷикистонро дар сафар ба ИМА роҳбарӣ мекунад, дар машваратҳои солонаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи аввали машваратҳо ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои доир ба амният, таҳкими марзҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима намуданд. 18 май машваратҳои дуҷониба идома хоҳанд дод.

Дар нимаи дуюми рӯзи 17 май Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо аъзои Конгресси ИМА, Сардори зеркомиссияи Аҳзоби Намояндагони ИМА оид ба масъалаҳои Аврупо ва Авруосиё ҷаноби Дан Буртон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ мусоҳибон вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва нақши парлумон дар рушди минбаъдаи равобити миёни ИМА ва Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Худи ҳамон рӯз, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА хонум Алис Веллс вохӯрӣ намуд. Мусоҳибон раванди вазъ дар минтақа ва Афғонистон, масоили мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.  

Шоми рӯзи 17 май, дар Донишкадаи омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Қафқози Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс презентатсияи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар партави соли 2014» баргузор гардид. Зимни презентатсия дипломати тоҷик назари худро доир ба раванди вазъи минтақа дар партави баровардани қӯшунҳои муштарак аз Афғонистон дар соли 2014 ва амалисозии лоиҳаҳои инфрасохториро ҷиҳати барқарорсозии иқтисодию иҷтимоии ин кишвар баён намуд. Дар анҷоми баромад Вазири корҳои хориҷӣ ба саволҳои иштирокчиён посух гардонид.