Дар Сейм (парлумон)-и Латвия гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, гурӯҳи мазкури иборат аз 6 нафар вакилони парлумони Латвияро Александр Саковский роҳбарӣ мекунад.

«Дар мактубе, ки раиси Сейми Латвия Салвита Аболтиня ба унвони раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ирсол кардааст, изҳори боварӣ карда мешавад, ки таъсиси чунин гурӯҳ ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд», - гуфт Ш.Саидов.

Ба гуфтаи номбурда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ҳанӯз соли гузашта гурӯҳи дӯстиву ҳамкории парлумони Тоҷикистон ва Сейми Латвияро таҳти сарварии узви палатаи болоии парлумони кишвар Убайдулло Қурбонов таъсис дода буд.