Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Fаффорова бо Сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юрела дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Финляндия дар ҳамаи заминаҳо мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд. Масъалаи густариши муносиботи байнипарлумонӣ миёни ду кишвар низ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Назира Fаффорова ва Туула Юрела буд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки парлумонҳои кишварҳои мо бунёдгузори заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мамлакатҳоямон буда, фазои ҳуқуқӣ ва қонуниро дар барқарорӣ ва тақвияти равобити дуҷониба ба вуҷуд меоранд. Назира Fаффорова дар бораи раванди муносиботи байнпарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия сӯҳбат карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Финляндия ташкил шуд ва мо мутмаин ҳастем, ки таъсиси ин гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ равобити байнипарлумонии кишварҳои моро такони тоза бахшида, ҷиҳати густариши ин муносибот шароити мусоид фароҳам меорад.

Мавсуф ҳамчунин дар бораи сафари худ ба Ҷумҳурии Финляндия, ки чанде қабл анҷом шуда буд, маълумот дода, иброз дошт, ки ин сафар дар лавҳаи хотироти ман ҳамчун сафари таърихӣ нақш хоҳад баст.

«Мо дар ҷараёни ин боздиди худ дар доираи иштирок дар чанд маросими расмӣ, ҳамчунин бо раиси парлумони Финляндия дидору гуфтугӯ анҷом дода, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн сӯҳбат намудем»,- гуфт Назира Fаффорова ва илова намуд, ки муҳимтарин мавзӯи дидори мо бо раиси парлумони кишвари шумо тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Финляндия буд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бори дигар миннатдории худро тавассути Сафири Финляндия дар ҷумҳурии мо аз раёсати парлумони ин кишвар барои пазироии самимӣ аз ҳайати парлумонии Тоҷикистон баён намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки парлумонҳои ҳарду кишвар заминаҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкориро дар ихтиёр доранд ва метавонанд дар ҳар фурсате аз ин заминаҳо барои таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ истифода намоянд.

Сафири Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юрела низ барои пазироии самимона ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки ба ҳайси сафири кишвараш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти дар ихтиёрдоштааш ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо мамлакати мо истифода хоҳад кард.

Мавсуф хотирнишон сохт, ки густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии мамлакаташ бо  ҷумҳурии моро дар меҳварҳои асосии фаъолияти сафирии худ қарор хоҳад дод, зеро таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ роҳро барои таҳкими ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ҳамвор хоҳад кард.   

Дар мулоқот, ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Финляндия Амирқул Азимов иштирок дошт.

Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов ва раиси кумитаи ин мақоми олии қонунгузор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайриннисо Юсуфӣ бо гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Ананд Гровер ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани тадбирҳои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои гуногун, таъмини волоияти қонун, расидагӣ ба мушкилоти аҳолии ниёзманд ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ шуданд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, боло гузоштани арзишҳои инсонӣ дар баробари дигар манфиатҳо, ҳифзи саломатии аҳолӣ иқдомҳои ҷиддиро амалӣ менамояд. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ҳифзи сиҳатии омма аз масъалаҳои муҳим ва аввалиндараҷа барои ҳамаи кишварҳо ба шумор меравад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар дорад. Сол аз сол афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти давлату ҳукумати кишвари мо барои густариши соҳаи тандурустӣ талошҳои муассирро рӯи даст гирифтааст, ки натоиҷи ин иқдомҳо рӯз ба рӯз эҳсос мегардад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Хайриннисо Юсуфӣ, ки аз ҷониби ҳайати парлумонии Тоҷикистон сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе ноил гардидааст ва коҳиши муроҷиаткунандагони тоҷик барои муолиҷа ба кишварҳои хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи тибб дар кишвари мо тамоюли рӯ ба рушдро касб кардааст.

Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Ананд Гровер аз сатҳи риояи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ризоият карда, ҳамзамон таъкид намуд, ки парлумони Тоҷикистон бояд дар ин замина талошҳои бештар намояд, то шароит барои расидагӣ ба мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта фароҳам ояд.

 «Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои зарфиятҳои бештар дар самти таҳия ва қабули қонун ва санадҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад ва вакилони ин мақом бояд аз ин зарфиятҳо ба таври комил истифода намоянд», - гуфт дар хотима ҷаноби Ананд Гровер.

Дар мулоқот ҳамчунин вакилон Сафаралӣ Гулов ва Домуллоҷон Ҷабборов иштирок доштанд.