Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи сӯхтор дар маркази тиҷоратии ад-Давҳа ба амири Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ барқияи тасаллият ирсол кард.

Дар он аз ҷумла омадааст:

«Волоҳазрат, Амири билод,

Аз хабари рух додани сӯхтор дар маркази тиҷоратии ад-Давҳа, ки ба ҳалокати 19 нафар оварда расонидааст, огоҳ гашта, ниҳоят андӯҳгин шудам. Махсусан ҳалокати 13 нафар атфол моро сахт ғамгин сохт.

Таманно дорам, ки боқимондаи осебдидагони ин фоҷиа ҳар чи зудтар шифои комил ёбанд.

Хоҳишмандам тасаллият ва ҳамдардии моро ба наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Худо ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад».