Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон унвонии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки ба туфайли кӯшишоти муштарак заминаи бунёдии муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба ташкил гардида, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳусни оғоз бахшида шуд ва тадриҷан робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо таҳким ёфта, муколамаи сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи болоӣ низ дар ҳоли густариш аст.

Дар барқияи ҷавобии сарвари давлати Озарбойҷон Илҳом Алиев таъкид мегардад, ки Озарбойҷон минбаъд низ дар асоси манфиати мутақобила ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра омода аст.