Дар доираи чорабинихое, ки ба муносибати 13-умин солгарди таъсисёбии агентии назорати маводи нашъаовар бахшида шудаанд, имруз аксия оид ба сузонидани микдори зиёди мухаддирот доир шуд.

Тавре ба АП аз агентии маводи нашъаовар хабар доданд, маросими сузонидани нашъа бо иштироки директори ичроияи раёсати СММ оид ба мухаддирот ва чинояткори Юрий Федотов ва дигар ашхоси расми, бо хузури комиссияи махсус, намояндагони ВАО-и махалли ва хоричи гузаронида шуд.

Дар тафдони махсуси агентии назорати маводи нашъаовар беш аз 267 килограмм маводи мухаддир, аз чумла наздики 17 килограмм героин, 239 килограмм афюн, хамчунин маводи мухаддири навъи каннабис зиёда аз 4,2 хазор ампулахои морфин нобуд карда шуданд.

Хамаи ин маводи мухаддир дар асоси 19 парвандахои чинояти, ки аз руйи онхо хукми суд бароварда шудааст, нобуд карда шуданд.