Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбанк)-и Чин Ли Жогу мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суҳбати самимӣ, аз ҷумла нақши намоёни бонк дар ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Чин таъкид гардид, зеро аз ҷониби он барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва ғайра беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати ин бонк ҷудо шудааст.

Бо ишора ба мувофиқаҳои нави дар сатҳи роҳбарияти олии ду кишвар ҳосилшуда таъкид гардид, ки Эксимбонки Чин минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя нақши намоёни худро идома медиҳад.

 Дар охири мулоқот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин Созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба лоиҳаи таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Хорӯғ-Кулма ба имзо расид.

 Мутобиқи ин созишнома ба маблағи 50, 54 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ҷудо мегардад.