Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар он аз ҷумла ҳисоботи Вазири кишоварзӣ оид ба рафти татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007- 2015, ҳисоботи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Ҳамчунин номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона ва ғоибона мумкин нест, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015, стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012 – 2016 ва нақшаи генералии шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор ва маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ карда шуд.