Рӯзи 4-уми июл Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши аҳзоби сиёсӣ дар ноил гардидан ба сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар» як конфронс доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон хабар доданд, ба иштирок дар кори конфронс намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, коршиносон ва рӯзноманигорон даъват шудаанд.

«Ҳадафи аслии созмондиҳандагони конфронс омӯзиши таҷрибаи тоҷикон дар расидан ба сулҳу созиш дар ҷомеа ва саҳми аҳзоби сиёсӣ дар ин раванд мебошад», - гуфт манбаъ.