Чанде қабл мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманаҳалли Малайя Кришна, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бахусус оид ба ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра табодули назар карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иброз дошт, ки дар арафаи таҷлили 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки 29 августи соли 2012 дар назар аст, баргузор гардидани Конфронси сафирони Ҳиндустон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе як иқдоми хубе дар густариши муносибатҳои байни ду кишвар мебошад. Ӯ илова намуд, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкории ду давлат дорои имконоту зарфиятҳои то ба ҳадди қаноатбахш истифоданошуда буда, ҳарду ҷониб барои татбиқи онҳо бояд кӯшишу талошҳои бештар ба харҷ диҳанд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба масоили мубрами байналмилалӣ, аз қабили низоми коҳишёбандаи молиявии ҷаҳонӣ, мӯътадилсозии вазъият дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Интизорӣ меравад, ки имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҳиндустонро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар огаҳӣ ёфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли равон бо сафари расмӣ ба Ҳиндустон ташриф меорад.