Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти воридгаштаро ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хориҷи ҷазои ҷиноӣ нисбати тӯҳмату таҳқир мепазирад.

Дар иттилоияи интишоргардидаи намояндагӣ гуфта мешавад, намояндагии ИА боварии комил бар он дорад, ки чунин чора ба риояи озодиҳои воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва озодии баён саҳми мусбат хоҳад гузошт.

«Ҳамзамон, Намояндагии ИА таваҷҷӯҳ бар он дорад, ки моддаи 137-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҷавобгарии ҷиноиро дар баъзе ҳолатҳои муайян пешбинӣ менамояд ва даъват аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд, ки бандҳои боқимонда, ва инчунин ҷазои ҷиноиро барои тӯҳмату таҳқир куллан аз байн барад», - омадааст дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо дастгирии рушди озодии ВАО ва озодии баёнро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод.