Душанбеву Маскав бидуни баҳс сиёсати таҳкими шарикии стратегӣ ва муттаҳидиро пайгирӣ мекунанд, - изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич дар робита ба масъалаи будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон.

«Муносибатҳои Тоҷикистону Русия тӯли қарнҳо дар фазои дӯстӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ сурат гирифта, зимни вохӯрии сарони ҳарду кишвар дар Маскав санаи 15уми май мавқеи зикршуда тасдиқ гардид», - гуфтааст ӯ.

Ба андешаи ӯ, Русияву Тоҷикистон ба ҳамкории дуҷонибаи гуногунҷанба ва ҳамкориҳо дар сохторҳои минтақавӣ афзалият медиҳанд. «Таври маълум, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомил аст ва он ба манфиатҳои таъмини амнияти тамоми кишварҳои узви СААД ҷавобгӯ аст», - изҳор доштааст намояндаи ВКХ Русия.

Лукашевич таъкид кардааст, ки айни замон миёни Тоҷикистону Русия оид ба дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи низормии Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид идома дорад. «Гуфтушунид мутобиқи қарордоди сарони кишварҳо, ки 15-уми майи соли равон дар Маскав ҳосил шуда буд, ҷараён дошта, ҷонибҳо ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда ба иҷро расидани он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд», - иброз доштааст вай.

Номбурда афзудааст, ки ҳарду ҷониб ҳам бо назардошти маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба анҷоми муваффақонаи гуфтушунидҳо манфиатдор мебошанд.