Ахири ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба муносибати қабули нусхаи эътимоднома сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз қабули эътимоднома Ҳамрохон Зарифӣ сафири навро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мансаб табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбӣ орзу кард.

Дар мулоқот масоили густариши муносибатҳо дар бахши ҷалби сармоягузорӣ, масоили марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуданд. Пешниҳод шуд, ки масъалаи имконоти роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо ва парвозҳои минбаъда ба дигар кишварҳои  минтақаи Осиё баррасӣ шавад.

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи вазъи кунунии Афғонистон ва ҳамкории муштараки ҷонибҳо дар дастгигирии нерӯҳои байнулмилалӣ оид ба мусоидат ба амният (ISAF) дар ин кишвар баррасӣ гардид. Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили марбут ба сохтмони терминали нав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе табодули афкор намуданд.