Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Струан Стивенсон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории босамари Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Аз сатҳи воло ва пайвастагии ҳамкории дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд, дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.

Вакилони Парлумони Аврупо бо ишора «ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ин минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ» таъкид бар он доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мусоидат намуда, кумакҳои техникии худро афзун хоҳад кард.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон тавассути эҳёи иқтисодии он зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати КАСА-1000 ба нафъи кулли минтақа хоҳад буд. Ҳарду ҷониб аз дастгирии байналмилалии талошҳои кишварҳои минтақа ва давлатҳою созмонҳои мададрасон дар роҳи пайвастани шабакаҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ истиқбол намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди тавачҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.