Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти феълии кишварро дар ҷаласаи худ аз 24 июли 2012 мавриди баррасӣ қарор дода, куштори генерал Абдуллоҳ Назаров, сардори раёсати амнияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро маҳкум намуд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон шуд.

Дар баёнияи интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ зикр мегардад, ки дар чунин ҳолат вазифаи мақомоти марбутаи давлатист, ки барои тафтиши ҷинояти содиргашта ва ошкор намудани афроди ҷинояткор чораҳои лозимиро дар чорчӯби қонун бияндешанд.

Дар идомаи баёния таъкид мегардад, ки мақомоти кишвар талоше барои ҳалли қазия ва пайдо намудани афроди ҷинояткор аз усулҳо ва имконоти ниҳодҳои мулкӣ ва шахсиятҳои шинохтаи минтақа истифода карданд. «Ҷониби дигарро низ лозим буд, ки бо мақомот барои ёфтани роҳи ҳал ҳамкорӣ нишон медод. Дар чунин ҳолат бояд эҳсосот канор гузошта мешуд ва бидуни шитобзодагӣ талошҳои бештар барои пайдо кардани роҳи ҳалли муносиб харҷ мегашт», - омадааст дар баёния.

Дар баёния гуфта мешавад, ҷои таассуф аст, ки ҳамкорӣ накардан бо мақомоти кишвар ва шитобзадагӣ зоҳир кардани ситоди муштарак боиси амалиёти вежаи низомӣ гардид, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти сангинеро ба бор дошт ва сабаби нооромии як гушаи ватанамон гардид.

«Барои пешгирӣ аз талафоти бештар, Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват менамояд, ки ҳарчи зудтар задухурдҳо қатъ гашта, барои баргардонидани субот ва оромӣ дар минтақа талошҳо ба харҷ дода шаванд. Истифода аз муколама ва василаҳои ғайринизомӣ беҳтарин роҳ барои ҳалли қазия мебошад. Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз аъзо ва ҳаводорони ҳизб даъват менамояд, ки барои ҳифзи оромӣ ва қонуният кушиш намоянд», - зикр мегардад дар фарҷоми баёния.