Рушди коррупсия ва ҷойгоҳи муносиб пайдо накардани институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон ба буҳрони тӯлонӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат оварда расонд. Ҷомеъа умед дошт, ки баъди созиши сулҳ ва расидан ба оштии ҳамагонӣ, тамоми ҷанбаҳои зиндагии як ҷомеъаи мусалмонӣ тибқи ниёзи он роҳи ҳалли хешро ёфта, дар заминаи таҳаммулпазирӣ эътимоди ҷонибайн ва дар умум тамоми нирӯҳои солими ҷомеа густариш пайдо мекард, аммо ин амалӣ нагардид, - изҳор дошт Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ зимни мулоқот бо Патриса Флор ва Пийер Морел, намояндаҳои ҷадид ва собиқи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Муҳиддин Кабирӣ зимни сӯҳбат иқрор кард, ки раванди таҳаввулотҳо тарзе шакл мегиранд, ки чигунагии онро аз қабл ошкор гуфтан номумкин аст ва ин бештар ба иқдому амалкарди элитаи сиёсии ҳар кишвар бастагӣ дорад.

Ба иттилои манбаъ, миёни раҳбари ҲНИТ ва намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо атрофи низоми интихоботии Тоҷикистон, ислоҳоти қонунгузорӣ дар ин маврид, ҳаводиси кишварҳои арабӣ ва вазъ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.