Маркази СММ оид ба сиёсати пешгирона дар Омиёи Марказӣ ва Дафтари СММ дар Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои ахири маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ як изҳорот пахш намуд.

«Созмони Миллали Муттаҳид ҳаводиси нигаронкунандаи Хоруғро аз рӯзи 24-уми июл, аз замоне, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти махсусро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кард, зери назар дорад. СММ ҳамдардии худро барои талафоти ҷонӣ изҳор намуда, аз оқибатҳои инсонии амалиёти номбурда ба ҳаёти аҳолии Хоруғ на навоҳии атрофи он нигарон аст», - зикр мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бо дарназардошти аҳамияти дароз шудани мӯҳлати оташбас дар Хоруғ, СММ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, то барои ҳифзи ҳаёт ва ҳуқуқҳои мардуми осоишта чораҳои лозимиро андешад. Аз он ҷумла, мо аз ҳамаи тарафҳои дахлдор хоҳиш мекунем, ки хештандориро пеша намуда, дастрасии мардуми осоиштаро ба хадамоти тиббӣ, ғизо ва дигар лавозимоти аввалия таъмин намоянд. СММ омода аст барои расондани кӯмаки башардӯстона ва ёрӣ ба аҳолии зарардида мусоидат намояд.

«Адами алоқа ва дастрасӣ ба Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ арзёбии айнии оқибати ҳаводиси аз замони шурӯъи амалиёт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдодаро мушкил мегардонад. Бинобарин, СММ имкони арзёбии ниёзҳои мардуми маҳаллиро ба кӯмаки башардӯстона, ки дар натиҷаи хушунат ба вуҷуд омадаанд, надорад. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки барои дастрасии СММ ва созмонҳои дигари башардӯстона дар Хоруғ ва навоҳии атрофион бо мақсади арзёбии зуди ниёзҳои инсонӣ мусоидат намояд», - омадааст дар изҳорот.

Мушкилоти алоқа бо ин минтақа сабаби изтироби мардуми зиёд, ки хешу наздикон, дӯстон ва ҳамкоронашон дар он ҷо ҳастанд, гашта аст. Бинобарин, мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунем бо ҳарчи зудтар барқарор намудани алоқа бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озодии муколама ва имкони иртиботи мардуми минтақаро бо наздикони берун аз вилоятбуда таъмин намояд.

Дар фарҷом зикр мегардад, ки СММ таҳаввулоти Хоруғро зери назар қарор дода, барои дар сурати лозима расондани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ВМКБ омодагӣ мегирад. СММ умедвор аст ҳолати пешомада бо роҳи сулҳомез ҳал мегардад.