Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон дар як мусоҳибааш бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар ҳамаи 64 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ҳайкалҳои Ленинро барқарор мекунем.
Раиси коммунистҳои тоҷик гуфтааст, ки “Баъзе ҳайкалҳои Ленинро, ки дар шаҳру ноҳия буданд ва ба ҷояш пояи пояи парчам насб карданд, дубора барқарор карда истодаем. Масъалан дар ноҳияи Қубодиён, Фархор, шаҳри Норак ва дар маҷмуъ 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҳайкалҳои Ленинро дубора барқарор мекунем”.
Пешвои коммунистҳо ҳамчунин гуфтааст, ки агар дар интихобот шикаст бихӯрад рӯҳафтода намешавад ва корашро давом медиҳад.
Мироҷ Абдуллоеви 72-сола,ки барои ҷомеаи сиёсии Тоҷикистон ноошно буд, соли 2017 ба ҷойи Шодӣ Шабдолов раиси ҲКТ шуд ва дар интихоботи порлумонии моҳи марти имсол вакили Маҷлиси намояндагон аз ноҳияи Муъминобод шуд.
Мавзуъи баркандану барқарор кардани ҳайкалҳои Ленин дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ ҳисоб мешавад, ки дар гузашта боиси сару садоҳои зиёд шудааст. Аз ҷумла аввалин ҳайкали Ленин дар майдони "Озодӣ", ҳоло "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 барканда шуд. Намоиши муфассал аз ҷараёни кандани ҳайкали Ленин тавассути телевизион норизоияти ҳизби коммунист ва ҷонибдоронашро ба вуҷуд овард ва ҳатто боиси барканории Қадриддин Аслонов, раиси вақти парлумон ва кафили вақти раёсати Тоҷикистон шуд. Баъдан пас аз сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон то 10-15 сол касе ба баркандани ҳайкалҳои Ленин иқдом намекарда, вале сар аз соли 2005 ҳайкалҳои Ленин дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба тадриҷ барканда шуданд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо раҳбарии Шодӣ Шабдолов он замон борҳо аз ин кор норизоятӣ ва ҳато ин масъаларо чандин бор дар порлумон матраҳ карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста