Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар барқияаш гуфтааст, ки “Ҷаноби Олӣ, самимонатарин табрикоти худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати ба даст овардани эътимоди бузург аз тарафи мардуми Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ, ки ба наздикӣ гузашт ва барои ваколати наватон дар самти роҳбарӣ ба кишвар барои беҳбудии халқҳои тоҷик иброз медорам”.
Дар табрикот зикр шудааст, ки шарики деринаи Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН) минбаъд низ ӯҳдадории қавии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар дар расидан ба ҳадафҳои дар Стратегияи Миллии Рушд муайяншуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
“Дуоҳои ман ва орзуҳои неки гарми ман Шуморо, Ҷаноби Олиро барои муваффақият ва хушбахтӣ дар иҷрои вазифаҳои мансаби олиятон ва сулҳу пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҳамроҳӣ мекунанд”, - илова намудааст дар охир Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV.
Ҳамзамон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид гардида истодаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста