Дар ҷаласаи сеюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Русия, ки рӯзи 15 октябр дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, масоили марбут ба таъмини сулҳу субот дар минтақа баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷӣ доир ба тадбирҳои муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус табодули назар намуда, талошҳои имконпазири муштарак дар самти рафъи оқибатҳои манфии пандемия ва беҳбуди имконоти зиидибуҳронии ҷонибҳоро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи кори ҳукумат оид ба муқовимат ба паҳншавии сироят, стратегияи пешгирии таъсири пандемия ба иқтисод маълумот дод. Вазирон ба масоили таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.


Сироҷиддин Муҳриддин зарурати расидан ба сулҳу субот дар кишвари ба Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистонро қайд карда, таъкид намуд, ки ба сифати ҳамраиси Раванди Истанбул оид ба Афғонистон Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқасозии тадбирҳои амалии кумак ба ин кишвар талоши зарурӣ ба харҷ медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дурнамои амалисозии ташаббусҳои калидии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар соҳаи транзитӣ-логистикӣ муфассал баррасӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.