Радослав Грук сафири нави Лаҳистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дирӯз Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи ӯро пазируфтааст. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, барои иҷроӣ кардани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кардааст.
Дафтари матбуоти ВКХ хабар медиҳад, ки "дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд".
Грук хатмкардаи риштаи сиёсатшиносии Доншгоҳи Варшава буда, аз соли 1999 корро дар Вазорати корҳои дохилии кишвараш оғоз кардааст. Солҳои 2000-2003 дар Раёсати кор бо хориҷиҳо фаъолият кардааст.
Соли 2003 корро дар Вазорати хориҷа оғоз карда, дар Консулгарии генералии Лаҳистон дар Санкт-Петербург, сафорати кишвараш дар Черногорӣ ва консули генералӣ дар Олмотӣ кор кардааст.
8 майи имсол сафири Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъин шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста