Дар ҷаласаҳои охирини гурӯҳи корӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад 40 километр марзи байни ду кишвар муайян карда шудааст. Дар ин бора, узви комиссияи ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад Абдулат Мирзоев дар ҷаласаи “Жогорку Кенеша”-и Қирғизистон хабар додааст.
Ба навиштаи хабаргузории “24.kg”, ӯ гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи август пешбинӣ шудааст.
«Дар се ҷаласаи охири гурӯҳи корӣ 40 километри марз муайян карда шуд. Кор идома дорад", - гуфтааст ӯ.
Қаблан Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки хати лоиҳаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз нуқтаи сарҳади №43 то нуқтаи сарҳади №61 ва аз нуқтаи сарҳади №135 то нуқтаи сарҳадии №141 муайян кунанд.
Чанде пеш, дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез ба як хулосаи ягона наомадаанд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр буда, 519 километри он мушаххас шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста