Бар асоси тасмими Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон мутаваққиф шуд.
Далели таваққуфи узвияти Русия нақзи шадид ва мунтазами ҳуқуқи инсон зимни ҳамлаи Русия ба Укроин аз сӯйи низомиёни Русия эълон шуд.
Ба ҷуз Русия, дар ин Маҷмаа 93 кишвари узв раъйи мувофиқ доданд. 24 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон раъйи мухолиф дод. 58 кишвари дигар аз додани раъй худдорӣ карданд.
Геннадий Кузмин, муовини намояндаи Русия дар СММ ин қатъномаи СММ-ро "ғайриқонунӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ" номид.
Чин ҳам мухолифи боздошти узвияти Русия раъй дод. Намояндаи Чин Чжан Тсзюн ин тасмимро шитобкорона номид ва гуфт, ки он мухолифатҳо дар СММ-ро суръат мебахшад.
Намояндаи Укроин дар СММ Сергей Кислитса қабл аз раъйдиҳӣ гуфт, ки ҳимоят аз қатънома Шӯрои ҳуқуқи башарро наҷот медиҳад ва ҷони бисёриҳоро дар Укроин ва дунё эмин медорад.
Мутаваққиф кардани узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳафтаи гузашта ИМА пешниҳод карда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста