«Азия-Плюс» тасмим гирифт, то бифаҳмад, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба кадом харитаҳо такя мекунанд, онҳо чӣ гуна тафовут доранд, Маскав кадом ҳуҷҷатҳоро дошта метавонад ва оё ҷонибҳо пешниҳоди Русия дар мавриди тақсими марзи давлатиро қабул хоҳанд кард.

Дар Остона (Қазоқистон) рӯзи 13 октябр вохӯрии сарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он вазъият дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуд. Маълум нест, ки пушти дарҳои пӯшида чӣ гуфтугӯе сурат гирифт. Тибқи маълумоти расмӣ, “ҷонибҳо дар бораи ҳалли ҳама масоил тариқи муколамаи сиёсиву дипломатӣ, инчунин тақвияти кори гурӯҳҳои ҳукуматӣ оид ба таъймину аломатгузории марз қотеъона мутобиқи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда ба созиш расиданд”.

Танҳо президенти Русия Владимир Путин аз натиҷаҳои ин гуфтушунид каме хабар дода, онро хеле муфид арзёбӣ намуд.

“Мо, бидуни вонамуд кардани ягон нақши миёнаравӣ, ҳарчанд, ки ошкоро гӯем, аз мо чунин дархост карданд, розӣ шудем, ки ҳарду ҷониб ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дидгоҳҳои худро оид ба ҳалли ин мушкилот ба мо супоранд ва мо талош меварзем, ки на танҳо ба онҳо баҳо диҳем, балки инчунин  бо истифода аз ҳуҷҷатҳои дар ихтиёрамон қарордошта ба ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҳалли масъала, ки метавонанд ба созишномаи имконпазир асос шаванд, кӯшиш ба харҷ диҳем.

Мо ин ҳуҷҷату харитаҳоро омӯхта, баъдан ҳамроҳ бо ҳамкасбонамон роҳи ҳалро ҷустуҷӯ мекунем”, - хабар дод Путин ба рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Маскав нисбат ба кишварҳои пасошӯравӣ маълумот доир ба сарҳадҳо байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ зиёдтар аст.

Моҳияти масъала чист?

Ба гуфтаи коршиносон, мушкили асосӣ сари он аст, ки тарафҳо ба созиш омада наметавонанд, ки кадом харитаро барои минбаъд муайян кардани сархадҳои давлатӣ асос гиранд: ҳар як тараф ҳангоми муайян кардани хати сарҳад харитаҳои солҳои гуногуни замони шӯравиро асос медонад ва барои ба даст овардани шароити бештар мусоид барои худ боисрор талош меварзад.

Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон ба баррасии масъалаи сарҳад бар асоси санадҳои ҳуқуқӣ ва харитаҳои зерин омода аст:

- харитаи соли 1924. Дар ин сол бо қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти болшевикон, бори аввал сарҳад байни ноҳияи Исфрара ва ноҳияи Ботканд, он замон вилояти мухтори Қара-Қирғиз дар ҳайати Федератсияи Русия муайян шуд;

- харитаи соли 1927. Қарори ҷаласаи Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз 04.05.1927 сол қабул шуд. Ин қарор дар Қарори Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон аз 23.05.1927 сол №15/4 ва Қарори Президиуми Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон аз 07.06.1927 сол №27 ба эътибор гирифта шуд;

- санади муайянкунандаи сарҳад  байни ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд, ки онро Шӯрои Комиссарони халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1947 ҳангоми саҳеҳ намудани  ихтилофот дар муайян кардани хатти сарҳади байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон қабул карда буд.

Бар асоси ин асноду харитаҳо, ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ дар қаламрави Қирғизистон анклав (бурунбум) нест. Гузашта аз ин, бештари манотиқи баҳсбарангез дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон то умқи марзҳои феълии Ҷумҳурии Қирғизистон мерасанд.

Дар навбати худ, Қирғизистон ба хариттаҳои солҳои 1958-1959 ва 1989 такя мекунад, ки дар онҳо Ворух анклав дониста шуда, аксарияти манотиқи баҳсбарангез дар қаламрави Қирғизистон ҷойгиранд.

Ҷониби Қирғизистон инчунин бо такя ба Эъломияи Алмато (соли 1991) дар бораи соҳибистиқлолӣ, дахнопазирӣ ва тамомияти арзии собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) пешниҳод мекунад, ки хати сарҳади давлатӣ ба ҳолати истифодаи ҳозираи он муайян шуда, аз эътирофи сарҳади давлатӣ мутобиқи санадҳои меъёрии замони муосир худдорӣ меварзад.

Ба сифати мисол ӯ харитаи манотиқи наздимарзии соли 1989-ро пешниҳод мекунад, ки қаламрави ба Тоҷикистон тааллуқдошта то соли 1953 бо ранги зард нишон дода шудааст.

Тасдиқи якҷониба ва тасарруфи қаламравҳо

Ҷониби Тоҷикистон дар навбати худ мегӯяд, ки қарори комиссияи паритетӣ дар соли 1989 аз расмиёти зарурии ҳуқуқӣ нагузаштааст ва наметавонад ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ эътироф шавад.

“Мо харитаҳои солҳои 1924 ва 1927-ро эътироф мекунем, зеро онҳо ягона ҳуҷҷатҳои расмӣ мебошанд, ки эътибори қонунӣ доранд. Харитаҳое, ки аз ҷониби Қирғизистон пешниҳод мешаванд, аз ҷониби мо эътироф карда намешаванд, зеро ба онҳо якҷониба тағйирот ворид шуда, ин аснод асоси ҳуқуқӣ надоранд”, - мегӯяд Мирзошариф Исломиддинов, собиқ шаҳрдори Исфара, ки чандин маротиба дар гуфтушунидҳои ҳукуматӣ иштирок кардааст.

Ӯ натиҷаҳои гуфтушуниди Комиссияи байниҳукуматиро дар соли 1989 ба гунаи мисол меорад, ки сарфи назар аз фишори Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ нашудаанд.

“Пас аз муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14 июли соли 1989 бо супориши раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ комиссияи паритетӣ таъсис дода шуд. Ин комиссия якчанд рӯз кор карда, протоколе пешниҳод намуд, ки аз як қатор пешниҳод иборат буд. Бо вуҷуди фишор аз ҷониби КПСС, аҳолии мо онро қабул накарда, раҳбарияти онвақтаи кишвар низ протоколро имзо накард ва аз тарафи парламент ҳам тасдиқ нашуд. Лекин кишвари ҳамсоя якҷониба протоколро тасдиқ намуда, имрӯз пешниҳод мекунад, ки бар асоси ин санад хати сарҳади давлатӣ байни кишварҳо муайян карда шавад”, - шарҳ дод коршинос.

Ҳамон сол, ба гуфтаи собиқ шаҳрдор, бо супориши раҳбарияти Шӯрои Миллатҳои Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ як комиссияи бонуфузи вакилон (депутатҳо) иборат аз 3 нафар вакилони Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Исфара сафарбар шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар ва омӯзиши иловагии ҳамаи ҳуҷҷатҳои боқимондаи бойгонӣ дар Маскав, гурӯҳ хулосаи худро пешниҳод намуд, ки дар он ҳақ будани ҷониби Тоҷикистон тасдиқ шуд, яъне онҳо ҳам эътироф карданд, ки хулосаи комиссияи паритетӣ боадолат нестанд ва Ворух анклав набуда, таърихан ва мустақиман тариқи қаламрави ба Тоҷикистон тааллуқдошта бо Исфара пайваст мешуд.

Рӯзноманигори тоҷик ва коршиноси масоили марзӣ Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, агар ба ҳуҷҷат ва харитаҳои таърихӣ назар андозем, маълум мешавад, ки зиёда аз 2,1 ҳазор километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон гузаштааст.

“Бино ба маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, дар давраи аз соли 1924 то 1989 2,1 ҳазор километри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба Қирғизистон гузаштааст. Дар бештари ҳолатҳо, бо қарору иродаи Кремл. Ба сурати умум, қаламрави Қирғизистон дар давраи аз соли 1936 то  1989 ба андозаи 3 ҳазор километри мураббаъ васеъ шуд, пеш аз ҳама, аз ҳисоби заминҳои атрофи ноҳияи Сухи Ӯзбекистон ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон. Кофист ба маълумоти расмӣ бингарем, ки дар солҳои 1936, 1959 ва 1989 қаламрави Қирғизистон чӣ қадар буд”, - зикр кард Мирсаидов.

Ба сифати мисол ӯ харитаи манотиқи наздимарзии соли 1989-ро пешниҳод мекунад, ки қаламрави ба Тоҷикистон тааллуқдошта то соли 1953 бо ранги зард нишон дода шудааст.

Бидуни созиш натиҷае ҳосил намешавад

Ба гуфтаи Исломиддинов, мушкили сарҳад дар мо аз Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) боқӣ монда, мутаносибан Русия ҳамчун меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ин масъаларо ҳаллу фасл ё дақиқтараш, хатогиҳои он замонро ислоҳ кунад, аз ин рӯ, нақши Русия айни замон хеле муҳим буда, лекин аз ҷониби Қирғизистон қабул шудани қарор ё пешниҳоди Маскав ба гумон аст.

“Фикр мекунам, Қирғизистон ба қабули тасмими Маскав бар асоси асноди ҳуқуқӣ омода нест. Зеро ҷониби Қирғизистон бисёр заминҳои моро аз худ карда, омода нест, ки онҳоро бозпас баргардонад. Аммо мо ягон метри замини онҳоро нагирифтаем ва мехоҳем заминамонро баргардонем. Бо ин назардошт, Русия метавонад бигӯяд, ки таърихан ва мувофиқи ҳуҷҷатҳо ҳамин тавр аст, лекин биёед гузаштҳо кунем. Бидуни гузаштҳо аз ҳар ду ҷониб, хати сарҳадро мувофиқа кардан душвор мешавад”, - гуфт Исломиддинов.

Мирсаидов ҳам бар ин назар аст, ки бидуни гузаштҳо ғайриимкон аст

“То ҷое, ки огаҳам, Русия ҳоло ба сифати додрас ҳакамӣ карданӣ нест ва танҳо омӯзиши асноду дидгоҳи худро дар ин маврид пешниҳод кардан мехоҳад. Қабули пешниҳоди Маскав аз ҷониби тарафҳо ба он вобаста мешавад, ки он ба нафъи кӣ хоҳад буд. Бо назардошти ин ҳолат, Русия аз ҷонибҳо даъват карда метавонад, ки 50 ба 50 ба гузашт розӣ шаванд, то ки дар ҳалли масъала 50% даъвои Тоҷикистон ва 50% даъвои Қирғизистон ба инобат гирифта шавад”, - мегӯяд коршинос.

Дар бораи нақши миёнаравии Маскав ва натоиҷи он, инчунин харитаҳо дигар коршиносон низ иҳори назар карданд. Ба ин тариқ, ба гуфтаи сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов, аз эҳтимол дур нест, ки Путин харитаҳои Ситоди куллро, ки қисмати зиёдашон махфӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар назар дошт.

“Шояд ин ягона харита бошад, ки Бишкеку Душанбе онро дар ихтиёри худашон надоранд. Аммо ин харитаҳо низ метавонанд аз ҳамдигар фарқ кунанд. Ҳамчунин харитаҳои Ситоди кулл низ гуногун мебошанд. Кадоме аз онҳоро пайдо кардани Маскав низ ҳоло зери суол аст. Ин ҷо метавон баҳси байни Арманистону Озарбойҷонро мисол овард. Дар Маскав харитаҳои Ситоди кулл пайдо шуд, ки барои ҷониби Озарбойҷон бештар мувофиқ буданд, аз ин рӯ, Арманистон аз эътирофи ин харитаҳо худдорӣ кард”, - гуфтааст сиёсатшинос дар мусоҳиба ба “Радио Азаттик”.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳама гуна ҳолат харитаҳо ба нафъи ин ё он ҷониб мешаванд ва яке аз тарафҳо ҳамеша метавонад бигӯяд, ки кишвари ҳамсоя ё Маскав ҳамаи харитаҳоро пешниҳод карда натавонист ва танҳо санади мувофиқ барои худро пешниҳод намуд.

“Масалан, муносибати Маскав бо касе бад шуда метавонад ва то куҷо кафолат дода мешавад, ки харитаи пешниҳодшуда айни замон бештар ба ӯ судманд нест? Ин ҷо масъалаи эътимод ба миён меояд. Харитаҳо гумон аст, ки ин мушкилотро ҳал кунанд. Мо аллакай кӯшиш карда будем, ки ба ин тариқ масъаларо ҳал созем. Ҳар ду ҷониб харитаҳои худро пешниҳод намуда, ба хулосае расиданд, ки онҳо ягон ҳамсониву монандие надоранд”, - илова намуд сиёсатшинос.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.