Консулгарии Афғонистон дар Истамбул ба намояндагони Толибон* супорида шуд ва фиристодаи ин гуруҳ аллакай корро оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “TOLOnews” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ дода, гуфтааст, “аз рӯзи душанбе дипломатҳои вазорати корҳои хориҷа дар Истамбули Туркия ба кори худ расман оғоз карданд”.
“Пас аз ин, дар баробари фаъолиятҳои дипломатӣ бо Туркия, талошҳо барои ироаи хадамоти консулгарӣ ба шаҳрвандони ин кишвар сурат хоҳад гирифт”, - афзудааст масъули Толибон.
“TOLOnews” бо такя ба андешаи коршиносоне хеш менависад, ки “Толибон аз ин роҳ тағйирот ҷорӣ мекунанд, тағйироти воқеӣ на, танҳо ба таҳкими низоми бароҳмонда, ҳамчунин, расмӣ ва ниҳодӣ шудани Иморати Исломӣ замина мегузоранд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки то кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият намешиносад, аммо қаблан шуморе аз кишварҳо чун Русия, Покистон, Чин, Эрон ва Туркманистон сафорат ва консулгариҳои Афғонистонро ба намояндагони Толибон дода буданд.
Охири ҳафтаи гузашта Сафорати Афғонистон дар Теҳрон низ ба намояндагони Толибон супорида шуда, сафири навтаъйини ин гурӯҳ расман корашро дар Эрон оғоз карда буд.
Аз сӯи дигар, ҳоло аксари сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста