Як сокини 33-солаи шаҳри Конибодом барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола ва як марди 39-сола барои сироят кардани зан бо ВНМО боздошт кардаанд. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Б.К., сокини Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст.

Айни замон нисбати Б.К барои бастани ақди  никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст (моддаи 169), парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Акбари Шариф, ҳамчунин иттилоъ дод, ки як марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор буд, барои сироят кардани як зани 29-солаи шаҳри Истаравшан боздошт шудааст.

Ин мард дидаву дониста бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бо як зани 29-сола алоқаи ҷинсӣ намуда, занро зери хавфи сироят ба ВНМО гузоштааст. Ин ҳодиса 9 июн рух додааст.

Айни замон нисбати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 125) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи қонунгузорӣ маҳрум кардан аз  озодиро ба муҳлати аз  2 то 5 сол пешбинӣ намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.