Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷиии Русия бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кард, ки дар он аз ҷумла Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар, низ ширкат дошт.

Мулоқот рӯзи 17-уми ноябр баргузор гардид ва дар он дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Аз ҷумла, иштироккунандагон масоили ҳамкориҳо дар формати “Осиёи Марказӣ-Русия” ва татбиқи натиҷаҳои саммити нахустини онро, ки 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, матраҳ карданд”,- гуфта мешавад дар хабарномаи манбаъ.

ВКХ Тоҷикистон менависад, ки ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.