Имрӯз, 10-уми январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фиданро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намудааст.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн,  махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур  шуморидаанд.

Гуфта мешавад, рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

“Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барчастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад” - , хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳақан Фидан оид ба рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ низ табодули афкор намудаанд.

Аз ҷумла ҷонибҳо аз баргузории рӯзҳои фарҳангии кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар изҳори пуштибонӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркия низ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин андешаронӣ кардаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳақан Фидан
Сурат аз ВКХ Тоҷикистон

Қабл аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳақан Фидан ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ гулчанбар гузошт.

Ёдовар мешавем, ки шоми 9-уми январ Ҳақан Фидан бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин бо як сафари расмӣ ба Душанбе омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.