Имрӯз дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари давлатӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқоту музокирот анҷом дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ҷонибҳо ва рӯйдоди муҳим дар муносибати ду кишвар арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид кард, ки “кишвари мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасманд мебошад”.

“Бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки тобистони соли гузашта зимни сафари Амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон ба имзо расид, барои тавсеаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст заминаи мустаҳками ҳукуқию шартномавиро фароҳам сохт”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Точикистон пешниҳод кард, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо таъсис додани механизмҳои нав аз доираи манфиати ҷонибҳо берун нест: “Гурӯҳи кории алоҳидаи муштарак барои омӯзиш ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ва Бунёди муштараки сармоягузориҳои Қатар ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳоянд”.

Зимни мулоқот изҳори умед карда шуд, ки бо талошҳои муштарак ба рушду нумӯи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ даст хоҳем ёфт.

“Бо дарназардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хурокворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд”, - менависад манбаъ.

Инчунин, пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии миёни ду давлат барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзит ба кишварҳои дигар лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштарак роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамкориҳо дар бахши маориф, илм ва фарҳанг аз унсурҳои муҳимми тақвияти робитаҳои башарӣ миёни ду давлат номида шуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба вазъи байналмилаливу минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.

Пас аз он дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои 9 санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шудааст:

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқдулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

- Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни  Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

- Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

Ёдовар мешавем, ки президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи дирӯз, 21-уми январ бо сафари давлатӣ ба Қатар рафт ва дар идомаи рӯз бо якчанд мақомдорони ин кишвар соҳибкорону сармоягузорон мулоқот анҷом дод, ки метавонед дар ин хабари мо мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.