Дирӯз, 3-юми май, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон, сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин дафтари матбуоти ВКХ иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, зимни вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ номаи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба унвони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоридааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки солҳои охир ба иқтисоди Тоҷикистон ба таври назаррас сармоягузорӣ мекунад. Аз ҷумла, чанде пеш Фонди Саудии рушд эълон кард, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн доллар қарз медиҳад.
Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба равуо оғоз мекунанд
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад
Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад
Шакар дар Тоҷикистон қимат мешавад. Чаро истеҳсолоти худӣ нест?
Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон рафт
Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
Сомон Маҳмадбеков медали деринтизори чемпионати ҷудои ҷаҳонро ба даст овард
Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз 1 август оғоз мешавад
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста