Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8-уми май, баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бо як “боздиди корӣ” ба Русия сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии  президенти кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ гуфт, дар ин сафар раиси ҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

“Дар назар аст, ки дар рафти ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳанд кард”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.

Зимнан, субҳи имрӯз, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Баъди анҷоми гулчанбаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш ифтитоҳ карданд.

Дар маросими ифтитоҳи маҷмаа ҳайати расмии Русия бо роҳбарии муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Кара-Оол Шолбан иштирок карданд.

1/5

Бодя гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба Русия раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Путин даъват кард. Ва ин сафар замоне иттифоқ меафтад, ки муносибати мақомоти Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон шадидан сард шудааст. Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон эътирози худро ба мақомоти Русия расман изҳор намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳам рӯзи 3-юми май, дар пайи норозигии Тоҷикистон оид ба боздошту ихроҷи муҳоҷирон аз Русия суҳбати телефонӣ карданд. Зимни суҳбат онҳо ҳамкориҳоро дар бахши муҳоҷирати корӣ баррасӣ карданд.

Он замон ВКХ Русия фишорҳо болои муҳоҷиронро чораи пешгирии амалҳои террористӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ навобаста ба миллат ва дин унвон карда буд, вале ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ки чунин амал танҳо муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав рӯзи 22 март тақрибан соати 20:00 рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Чаҳор шаҳрванди Точикистон ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.