Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006 дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёна манъ карда шуданд.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳадаф аз фармони мазкур дастгирии рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон аст.
Ба иттилои манбаъ, мораторий ба муддати ду сол эълон гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи фармон, мораторий нисбат ба санҷишҳое, ки мувофиқи қонунгузорӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ гузаронида мешаванд, татбиқ намегардад.
«Ба мақомоти санҷишии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд, - изҳор дошт манбаъ. - Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати се моҳ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба нишондодҳои фармони мазкур мутобиқ гардонида, лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро мувофиқи фармон таҳия созад ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд».
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста