Душанбе. 11-уми ноябр - Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 10-уми ноябри соли 2008 Бобоев Олимҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон   озод карда шуда, ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Шарипов Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон   озод гардида, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин карда шуд.

Аъзамов Хурсанд Саидович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб озод карда шуд.

Комилов Сироҷиддин Ҷалолиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон озод карда шуд. Қодиров Каримҷон ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъин карда шуд. Каримова Ирина Холовна   бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд ва ба ҷойи ӯ Маҳмадова Тоҷинисо Файзалиевна ба ин вазифа таъин карда шуд.

            Одинаев Саидмуҳамад   бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии   Тоҷикистон озод карда шуд.

            Саидов Нуриддин Саидович аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озод карда шуда, ректори Донишгоҳи миллии   Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.