Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МН МО ҶТ) Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2009» қабул гардид. Зимни маърӯза дар назди намояндагони парлумон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки т ибқи лоиҳа, соли оянда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба маблағи 20 млрд. 665 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, суръати афзоиши истеҳсолот 7,1 дарсад ва мизони таваррум ба андозаи 13 дарсад ба нақша гирифта шудааст. « Соли оянда ба буҷаи давлатӣ ба ҷойи 254 млн. сомонии соли ҷорӣ ҳар моҳ 380 млн. сомонӣ ворид хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

            С.Наҷмиддинов зикр кард, ки соли оянда ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун - 533 млн. сомонӣ, Сангтӯда-2 - 21 млн., рушди бахши кишоварзӣ - 353 млн., нақлиёт ва коммуникатсия - 488 млн., сохтмон ва хоҷагии коммуналӣ - 268 млн., маориф - 1 млрд. 160 млн., беҳдошт - 396 млн., ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 937 млн., ҷуброни афзоиши нархи газу барқ - 36 млн., фаъолияти сафорату консулгариҳои ҷумҳурӣ - 74 млн. сомонӣ ва барои соҳаи мудофиаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 фоиз бештар ҷудо кардани маблағҳо пешбинӣ шудаанд.

            «Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба нишондиҳандаҳои буҷа боис шуда наметавонад», - таъкид сохт ӯ.

            Дар навбати худ раиси Кумита оид ба иқтисод, молия ва буҷаи парлумон Гулчеҳра Бозорова изҳор дошт, ки барои омӯзиш ва муҳокимаи буҷаи соли оянда гурӯҳи кории парлумон таъсис дода шуда буд, ки оид ба ин масъала 96 пешниҳоду тавсияҳо таҳия кард ва чанде аз он аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфтанд. «Масалан, пешниҳод дар бораи ҳисоботдеҳ будани Фонди мӯътадилгардонии ҷумҳурӣ дар назди парлумон ва акнун ҳамасола ин фонд ба парлумон дар бораи фаъолияташ ҳисобот медиҳад», - афзуд ӯ.

            Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи буҷа 30-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд. Дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буҷаи соли 2009-ро буҷаи рушди иқтисод номида, қайд кард, ки аз нисф зиёди маблағҳои ҷудогардида ба сохтмони иншооти стратегӣ равона хоҳанд гардид.