Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 26-27-уми ноябри соли ҷорӣ вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Туркия Алӣ Бобоҷон бо мақсади омодасозии боздиди расмии президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф меорад.

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди вазири умри хориҷии Туркия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯбаи сафар А.Бобоҷон ҳамчунин аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камол, маркази омӯзиши забони туркии « TOMER » ва « Vefa Center » низ боздид хоҳад кард. «Дар рӯзи дуввум сафари вазири умури хориҷии Туркия ба шаҳри Кӯрғонтеппа ба нақша гирифта шудааст», - афзуд манбаъ.