Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндагони 18 кишвари ҷаҳон ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки масоили самаранокии энергетикӣ ва сарфаи энергия мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки дар ҷараёни иҷлосияи 63-уми Ассамблея ба ин масъалаҳои муҳими энергетикӣ ва экологӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.

            Дар дархост гуфта мешавад, ки сарфаи энергия ва истифодаи сарчашмаҳои нави энергияи барқароршаванда дар ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи тағйирёбии иқлими сайёра нақши муҳим мебозанд.

            Ташаббускорони ин иқдом бар он назаранд, ки Ассамблеяи Генералӣ чун мақоми мубоҳисавӣ ва ҳамоҳангсозии СММ аз ӯҳдаи ташкили табодули таҷриба, доир сохтани гуфтушуниду мубоҳисаҳои байнулмилалӣ ва дар ниҳояти кор ҳалли ин масоил ба хубӣ баромада метавонад.

            Дар тӯли солҳо Белорус барои таваҷҷӯҳи СММ ба ин масоил талош меварзид. Акнун дар қатори ин кишвар иқдоми мазкурро Полша, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Венесуэла, Ҳиндустон, Дания ва Африқои Ҷанубӣ низ дастгирӣ карданд.