Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-уми январи соли ҷорӣ доир мегардад, масоили натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли сипаригашта ва нақшаи рушди ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

            Тавре ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ огаҳӣ пайдо кард, ҷаласа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, дар он ҳисоботи раҳбарони вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ дар бораи фаъолияташон дар соли 2008 шунида хоҳад шуд.

            Дар ҳамин ҳол, аз баъзе вазорату идораҳо иттилоъ доданд, ки корҳои омода сохтани ҳисоботу маълумотномаҳо ҷиҳати пешниҳод ба ин ҷаласа аллакай шурӯъ шудаанд.