Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта бо қарори ҳукумати Тоҷикистон генерал-майори милиса Рамазон Раҳимов муовини аввали вазири умури дохилии ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Бо қарори дигари ҳукумат Абдуҷаббор Шамсов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири умури дохилии кишвар озод гардида, ба ин мансаб Фародбек Шодмонбеков таъин гардид.

            Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Рамазон Раҳимов қаблан ба ҳайси мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи қонунии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ифои вазифа менамуд. Ф.Шодмонбеков дар вазифаи муовини сардори шӯъбаи фавриву техникии Вазоарти умури дохилӣ кор мекард.